Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста – дар финали Ҷоми раиси AFC


Дастаи «Дордой-Динамо»-и Бишкек соҳиби роҳхати охирин ба даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) гардид.

Қаҳрамони футболи Қирғизистон – «Дордой-Динамо», ки дар охирин бозии худ бар дастаи меҳмон - «Канбавза»-и Мянмар бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, дар гурӯҳи «С» ҷои аввалро касб кард.

Бад-ин тартиб се дастаи ғолиби гурӯҳҳои сабқати интихобӣ - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Ишқобод»-и Ишқобод ва «Дордой-Динамо»-и Бишкек , инчунин, беҳтарин дастаи ҷойҳои дуюм – ВАПДА-и Покистон дар марҳалаи ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми раиси AFC мубориза хоҳанд бурд.

Даври ниҳоӣ моҳи сентябр баргузор мешавад. Вале то ҳоло макони баргузории мусобиқот ва ҷадвали бозиҳо муайян нашудаанд. Федеросиюнҳои футболи се кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон аз Конфедеросиюни футболи Осиё барои мизбонии сабқати интихобӣ дархост кардаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳҳои сабқати интихобӣ

Гурӯҳи «А»

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т|Т

И

«Регар» ТадАЗ (Тоҷикистон)

3

1

2

0

5-3

5

ВАПДА (Покистон)

3

1

2

0

3-1

5

«Тайван Пауэр Компани»

3

1

0

2

5-8

3

«Непал Полис Клаб» (Непал)

3

0

2

1

4-5

2


Гурӯҳи «В»

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т|Т

И

"Ишқобод" (Туркманистон)

2

1

1

0

5-1

4

«Абаҳани Лимитед» (Бангладеш)

2

1

1

0

2-1

4

«Шри-Ланка Арми»

2

0

0

2

2-7

0



Гурӯҳи «С»

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т|Т

И

«Дордой-Динамо» (Қирғизистон)

3

3

0

0

12-2

9

«Канбавза» (Мянмар)

3

2

0

1

9-7

6

«Пномпен Краун» (Камбоҷа)

3

1

0

2

7-8

3

«Йедзин» (Бутан)

3

0

0

3

3-14

0

XS
SM
MD
LG