Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Дилшод Назаров дар Прага


Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров
Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии «Ёдбуди Йозеф Одложил» дар шаҳри Проги Ҷумҳурии Чех медали нуқра ба даст овард.

Вай гурзро ба масофаи 78 метру 41 сантиметр ҳаво дода, ҷои дуввумро касб кард.

Барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 80, 40 м ғолиби сабқат шуд. Варзишгари Русия Алексей Загорний бо натиҷаи 78,38 м севум шуд.

Бояд гуфт, ки рақиби аслии Дилшод Назаров қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 Примош Козмус дар ин мусобиқа ширкат накард.

Бад-ин тартиб аз рӯи натоиҷи мусобиқоти пурнуфузи силсилаи Гран-при Дилшод Назаров бо 34 имтиёз ба ҷои аввал баромад. Примош Козмус бо 28 имтиёз дар ҷои дуввум ва Шимон Сиолковский, аз Лаҳистон, ғолиби Олимпиадаи Сидней-2000-ум, бо 20 имтиёз дар ҷои севвум қарор доранд.

Дилшод Назарови 27-сола, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба сабқати ҷаҳонӣ, ки аз 15-ум то 23-юми август дар пойтахти Олмон - шаҳри Берлин доир мешавад, боз дар якчанд мусобиқоти байнулмилалӣ иштирок хоҳад кард. Аз ҷумла вай 11-уми июн дар фестивал ё ҷашнвораи варзишҳои майдонии аврупоӣ дар шаҳри Бидгоши Лаҳистон ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG