Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 медали паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии самбо дар шаҳри Тошканд 13 медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар сабқати Осиё байни мардону занон ва навҷавонону духтарон ҳудуди 500 варзишгар аз 20 кишвар иштирок карданд. Мусобиқа дар навъҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ сурат гирифт. Шарафи Тоҷикистонро беш аз 30 варзишгар ҳимоя карданд».

Дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дастаи Қазоқистон бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои аввал, Узбакистон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар мақоми дуюм қарор гирифтанд. Сурия бо 1 медали тилло ва 1 нуқра сеюм ва Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ чорум шуданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавони тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар даври ниҳоӣ дар вазни 100 кг бар ҳарифи худ Ғазанфар, аз Покистон, пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Пӯлодҷон Солеҳов дар вазни 82 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Сабқати занон бо ғалабаи дастаи Узбакистон, ки 5 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифт, хотима ёфт. Қазоқистон бо 3 медали тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ дуюм шуд. Русия бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷои сеюм қарор гирифт. Туркманистон бо 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ ҷои чорумро касб кард. Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳар кадом 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ҷои панҷумро бо ҳам диданд.

Дар сабқати занон дар вазни 68 кг Дилбар Султонова, узви дастаи Тоҷикистон, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Дар сабқати навҷавонон дастаи Қазоқистон, аз ҷумла бо 4 медали тилло дар ҷои аввал, Узбакистон бо 3 медали тилло дар ҷои дуюм мавқеъ гирифтанд. Тоҷикистон бо касби 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои сеюмро азони худ кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Илёсбек Қарабоев дар вазни беш аз 52 кг ва Хушбахт Назаров дар вазни беш аз 62 кг ба дарёфти медалҳои тилло мушарраф шуданд. Паҳлавонони дигари тоҷик Айниддин Қурбонов дар вазни беш аз 48 кг, Нуруллоҳ Неъматов дар вазни 100 кг ва Абубакр Раҳмонов дар вазни беш аз 100 кг бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Убайди Деваштич (+68кг), Маҳмадшариф Давлатов (+74 кг), Рашид Раҳимов (+82 кг) ва Нуруллоҳхон Қосимов (90 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар сабқати духтарон 10 медали тиллоро варзишгарони Қазоқистон (6) ва Узбакистон (4) ба даст оварданд. Тоҷикистон танҳо соҳиби 1 медали биринҷӣ шуд. Муҳаббат Нодирматова дар вазни 64 кг ҷои сеюмро касб кард.

Бад-ин тартиб дар сабқати самбои варзишӣ байни мардону занон ва навҷавонону духтарон дар ҳисоби умумидастаӣ Қазоқистон бо 17 медали тилло ҷои аввал, Узбакистон бо 15 медали тилло ҷои дуюм, Тоҷикистон бо 3 медали тилло ҷои сеюм, Русия бо 2 медали тилло ҷои чорум ва Сурия бо 1 медали тилло ҷои панҷумро касб карданд.
XS
SM
MD
LG