Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон


Ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон беш аз 15 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд
Ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон беш аз 15 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълон кард, ки ҷиҳати беҳбудии вазъи омӯзишу парвариши ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барномаҳои ҷадидеро рӯйи даст гирифтааст.

Кнут Воллебек, комиссари олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури ақаллиятҳои миллӣ, мегуяд, ин барномаҳо аслан омӯзиши забони модарии ақаллиятҳо ва омӯзиш додани забони давлатии ин кишварҳо барои ақалиятҳои миллиро дар бар мегирад ва раисҷумҳури Тоҷикистон ба иҷрои ин барномаҳо изҳори ризоят кардааст. Оқои Воллебек омӯзиши забонҳои давлатиро ҷиҳати ҳалли мухолифатҳои миллигароёна дар кишварҳои минтақа барои ақаллиятҳои қавмӣ ҳамзамон бо донистани забони модарӣ, ниҳоят муҳим арзёбӣ кард.

Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 7-милллионафарӣ ақаллиятҳои қавмию мазҳабӣ ва забонии гуногун дорад. Тибки маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ақалиятҳоли қавмие ба мисоли узбакҳо, русҳо, қирғизҳо, туркманҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, курёиҳо, қазоқҳо, олмониҳо, озариҳо, арабҳо ва ғайра, ки дар давраҳои мухталиф дар Тоҷикистон муқим шудаанд, ба сар мебаранд.

Қисмати аъзами ақаллиятҳои қавмии Тоҷикистонро ӯзбакҳо бо ҳудуди 950 ҳазор нафар ва қирғизҳо бо 65 ҳазор нафар ташкил медиҳанд, ки умдатан дар бахшҳое аз вилоятҳои Суғду Хатлон ба сар мебаранд. Ақалиятҳои қавмии дигар шумори хеле кам доранд, барои мисол шумори куриёиҳои Тоҷикистон ба 1700 нафар мерасад.

Кнут Воллебек, комиссари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури ақаллиятҳо, гуфт, ки бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъи тоҷикон ва мушкилоти зиндагии онҳо дар кишварҳои хориҷиро низ баррасӣ кардааст. Вай гуфт, ки аз мушкилоти тоҷикони муқими Ӯзбакистон огоҳ аст ва ба қавли ӯ коршиносони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ҳамкорӣ бо мақомоти кишварҳои мантақа машғули пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҳастанд.

Комиссари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури ақаллиятҳо гуфт, ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон вазъи хубе доранд ва баробар бо тоҷикон аз ҳақу ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бархурдоранд. Аммо бархе аз намояндагони ақалиятҳои миллии Тоҷикистон гуфтаанд, ки вазъашон чандон хуб нест ва дар баробари мушкилоти умумии ҷомеаи Тоҷикистон онҳо мушкилоти хусусии худро доштаанд.

Виктор Ким, раиси ҷамъияти куриёиҳои Тоҷикистон, мегӯяд, нигоҳдории забон ва расму русуми қавмӣ барои кули ақаллиятҳо дар ин кишвар мушкили аслӣ аст. Вай ба сурати мисол гуфт, бо вуҷуди дархости ақаллиятҳои миллӣ мақомоти Тоҷикистон барои додани як бино ба ақалиятҳои миллӣ ба унвони «Хонаи Дӯстӣ» барои омӯзиши забону фарҳанги худ ва забони тоҷикӣ иқдом накардаанд: «Дар ҳамаи кишвархои хамсояи мо ба мисли Қазокистон чунин биноҳо ҳастанд, ки дар онҷо ақалиятҳои миллӣ забонҳои молддари ва забонҳои давлатиро меомӯзанд ва чорабиниҳои фарҳангӣ мегузаронад. Аммо дар Точикистон ин масъала ҳал ношуда боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Қурбонов, раиси ҷамъияти арабҳои Тоҷикистон, мушкилоте чун адами мактаби арабӣ барои арабҳои Тоҷикистон ва чун араб сабт наёфтани миллати бисёре аз арабҳои Тоҷикистон дар шиносномаҳои миллиашонро мушкилоти асосии арабҳо арзёбӣ кард. Вай гуфт ба ин далелҳо 50 дарсади арабҳои Тоҷикистон, ки аслан дар ноҳияҳои Шаҳрутузу Қубодиён ба сар мебаранд, забони миллии худро гум кардаанд.

Коршиносон ақалиятҳои миллии Тоҷикистонро усулгаро меҳисобанд. Зеро ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон ҳамеша аз сиёсати ҳукуматҳои давр ҳимоя кардаанд ва тундгаро нестанд, ва аз ҳар ҳукумате, ки дар Тоҷикистон сари қудрат омадааст, тарафдорӣ кардаанд, ба ин хотир ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон ҳамеша зиндагии хубу осоишта доштанд.
XS
SM
MD
LG