Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риш дар Рашт манъ нашудааст


Бино ба гуфтаи бархе аз сокинони ноҳияи Рашт, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати ин ноҳия таъкид шудааст, афроде, ки риш ва ҷомаву тоқии сафед ба сар доранд, дар идораҳои давлатӣ пазируфта нашаванд.

Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин хабар хабарнигори радиои Озодӣ дар ин минтақа бо чанд нафар аз сокинони маҳаллӣ сӯҳбат кард. Баъзе аз онҳо дар маврид изҳори бехабарӣ карданд, вале бархеи дигар аз шунидаҳои худ гуфтанд, ки дар яке аз ҷаласаҳо ба масъалаи либоспӯшӣ таъкид шудааст.

Раҳмоналӣ Сабуров, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин робита мегӯяд, низ дар бораи ин дастури мақомот шунидааст. Вай меафзояд, Тоҷикистон як кишвари демократист ва чӣ гуна либос пӯшидан интихоби шахсии ҳар як шаҳрванди он аст ва набояд касе ба мардум тарзи либоспӯширо таъйин кунад.

Аммо Давлатпочо Мирзоева, муовини раиси ноҳияи Рашт, ин ҳама сарусадоҳоро радд кард ва ин ҳамаро ҷуз тӯҳмату бӯҳтон беш нахонд. Намояндаи маркази матбуотии ҳукумати ноҳияи Рашт Камоли Бекзод низ ин иддаоҳоро комилан бепоя номид ва гуфт, раиси ноҳияи Рашт рӯзҳои чоршанбе ва шанбе шаҳрвандонро новобаста аз чигунагии либоси онҳо қабул мекунад.
XS
SM
MD
LG