Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба фаластиниҳо умеди дигар дод


Обама ва Маҳмуд Аббос дар Кохи Сафед
Обама ва Маҳмуд Аббос дар Кохи Сафед

Барак Обама мегӯяд, Исроил бояд дар чаҳорчӯби тавофуқоти сулҳи Ховари Миёна аз идомаи сохтмони маҳаллоти аҳолинишин дар каронаи ғарбии рӯди Урдун даст бардорад.

Раисиҷумҳури Амрико ин суханонро рӯзи панҷшанбе дар дидораш бо Маҳмуд Аббос - раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дар Кохи Сафед дар Вошингтон изҳор дошт. Ин суханони барак Обама ба он ишора мекунад, ки вай дар қиболи Исроил хати машши ҷиддитаре дар пеш гирифтааст ва умед дорад, ки раванди сулҳро ба пеш ҳидоят бидиҳад.

Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико дар чаҳорчӯбаи ибтикороти сулҳҷӯёнаи худ дар Ховари Миёна фишор бар Исроилро аз сар
Мо муттаҳиди содиқи Исроил ҳастем ва ба нафъи мо хоҳад буд, ки Исроил амну осуда бошад. Беҳтарин роҳи расидан ба он қадам бардоштан дар роҳи ташкили давлати Фаластин мебошад"
гирифт. Вале вай тақсимавқотеро барои ташкили давлати мустақили Фаластин рад кард. Вай баъд аз мулоқоташ бо Маҳмуд Аббос - раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дар Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, вай ба таври қаввӣ аз ҳалли дуҷонибае, ки заминаи сулҳу амниятро ҳам барои исроилиҳо ва ҳам барои фаластиниҳо фароҳам меорад, ҳимоят мекунад: "Мо муттаҳиди содиқи Исроил ҳастем ва ба нафъи мо хоҳад буд, ки Исроил амну осуда бошад. Ба эътиқоди мо, беҳтарин роҳи расидан ба он фароҳам овардани шароити заминӣ ва ҳамчунин бардоштани қадам дар роҳи ташкили давлати Фаластин мебошад".

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Обама ба Бенямин Натаняҳу -нахуствазири Исроил гуфт, дар роҳ ба сӯи ин ҳадаф Исроил бояд ҳар гуна сохтмон ва тавсеъаи маҳаллоти яҳудинишинро дар қаламравҳои ишғолии Фаластин қатъ кунад. Аз сӯи дигар, Обама гуфт, мақомоти ташкилоти худгардони Фаластин низ бояд аз аъмоли таҳрикомези зиддиисроилӣ дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунанд.

Дар посух Маҳмуд Аббос ба Обама ҳушдор дод, ки дар ҳалли дуҷонибаи бӯҳрони сулҳи Ховари Миёна вақт хеле муҳим аст. Маҳмуд Аббос қавл дод, ки мақомоти ташкилоти худгардони Фаластин ҳамаи ӯҳдадориҳои худро тибқи Харитаи Роҳ иҷро
хоҳанд кард: "Ҷаноби раиси ҷумҳур, шумо ба ӯҳдадориҳои байналмиллалӣ ишора кардед, он гуна ки мо дар харитаи роҳ тааҳҳуд супурдаем. Ман мехоҳам бо истифода аз фурсат шуморо мутмаин созам, ки мо ӯҳдадориҳои байналмиллалии худро тибқи тарҳи Харитаи роҳ аз ҳарфи А то ҳарфи Я комилан иҷро мекунем".

Барак Обама ба таври ҷиддӣ дар бораи миёнҷигарии худ дар сулҳи Ховари Миёна дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки ҳафтаи оянда боздиди вай аз Арабистони Саудӣ ва Миср оғоз мешавад, Интизор меравад, ки вай дар ҷараёни ин боздид хитоб ба ҷаҳони Ислом паёмҳое бифиристад. Бо наздик шудани боздиди Обама аз Ховари Миёна давлати вай роҷеъ ба масъалаи ҳассоси қатъи сохтмони маҳаллоти яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолии Фаластин бо Исроил, ба қавле, "даст ба гиребон аст".
XS
SM
MD
LG