Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирина Исинбоева – маликаи варзиши ҷаҳон


Ба Ирина Исинбоева, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ дар ҷаҳиш бо найза, ки беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар соли 2008 байни занон гардид, дар маросими бошукӯҳ дар Рим ҷоизаи фахрӣ супурда шуд.

Варзишгари Русия Ирина Исинбоева барои бори дуввум соҳиби ин ҷоиза гардид. Вай соли 2007 низ ба унвони беҳтарин варзишгари ҷаҳон байни занон даст ёфта буд.

Барои дарёфти унвони беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар соли 2008 байни занон, инчунин, Венус Уилямс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, теннис), Стефани Райс (Австралия, шиноварӣ), Тирунеш Дибаба (Эфиопия, варзиши сабук, дав), Лорена Очоа (Мексика, голф) ва Линдси Вонн (ИМА, лижаронӣ) муддаъӣ буданд.

Муддаъиёни унвони беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар соли 2008 байни мардон Усейн Болт (Ямайка, варзиши сабук), Люис Ҳемилтон (Бритониёи Кабир, автомобилронӣ), Рафаэл Надал (Испания, теннис), Майкл Фелпс (ИМА, шиноварӣ), Криштиану Роналдо (Португалия, футбол) ва Валентино Росси (Италия, мотосиклронӣ) мебошанд.
XS
SM
MD
LG