Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқоти лигаи аввал


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи аввал бо ширкати 10 даста шурӯъ шуд.

Дар нахустин даври мусобиқа «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ дар майдони худ дастаи «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бар дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард. «Саройкамар»-и Панҷ дастаи меҳмон - «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. «Ҷавонӣ»-и шаҳри Турсунзода ба дарвозаи дастаи меҳмон – «Локомотив»-и Душанбе 4 голи беҷавоб зад.

Даври дуввуми мусобиқа бо дидори «Ҳулбук» ва «Зарафшон» оғоз ёфт. Мизбонон – футболбозони Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Бозиҳои дигари даври дуввум рӯзҳои 27-ум ва 28-уми май доир хоҳанд шуд.

Бад-ин тартиб алъон панҷ даста – «Панҷшер», «Хайр», «Ҷавонӣ» «Саройкамар» ва «Ҳулбук» бо 3-имтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқа пасиҳам ҷойгир шудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 27-уми май

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Панҷшер» (Румӣ)

1

1

0

0

8-0

3

2.

«Хайр» (Ваҳдат)

1

1

0

0

6-2

3

3.

«Ҷавонӣ» (Турсунзода)

1

1

0

0

4-0

3

4.

«Саройкамар» (Панҷ)

1

1

0

0

2-1

3

5.

«Ҳулбук» (Восеъ)

2

1

0

1

3-6

3

6.

«Зарафшон» (Панҷакент)

2

0

0

2

1-3

0

7.

«Локомотив» (Душанбе)

1

0

0

1

0-4

0

8.

«Рангонгаз» (Рӯдакӣ)

1

0

0

1

0-8

0

9.

РШВСМ (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

10.

«Барқ» (Норак)

0

0

0

0

0-0

0


Беҳтарин голзанҳо: Дилшод Табаров («Хайр») ва Саймурод Юнусов («Панҷшер») - 4-голӣ.

Бозиҳои даври 2-юм: 27-уми май – «Хайр» - «Барқ», РШВСМ - «Ҷавонӣ», 28-уми май - «Рангонгаз» - «Саройкамар», «Локомотив» - «Панҷшер».

Давраи аввали мусобиқа то 12-уми июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG