Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон


Ҳамасола дар Тоҷикистон 23 май чун рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад ва бахшида ба ин санна тайи як ҳафта, яъне то таърихи 23 май дар сартосари кишвар бо ташаббуси кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва саёҳӣ силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ сурат мегирад.

Абдураҳмон Хонов як масъули кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, ҳадаф аз ин ҳама сабқату чорабиниҳо як аст, боло бурдани ҳисси миллӣ ва маърифати ҷавонон аст: «Хушбахтона, сол ба сол шукӯҳу шаҳомати чорабиниҳо бахшида ба ҳафтаи ҷавонон боло меравад ва ин ҳам шаҳодати он аст, ки давлат ва ҳукумат имрӯз ба насли ҷавони кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад, чун ояндаи миллату ватанро ҳам ҳамин ҷавонон ташкил медиҳанд.»

Аммо имсол низ ҳафтаи ҷавонон мисли ҳарсола дар Тоҷикистон дар доираи як гурӯҳи ҷавонону донишҷӯён ва корманди ниҳодҳои давлатӣ таҷлил мешавад. Вале аксари дигар ҷавонон, ки дар робита ба ин сана аз овезаҳои шаҳру барномаҳои телевизиону матбуоти давлатӣ огоҳ шудаанд, мегӯянд, барои онҳо ин ҳама аҳамияти кам дорад.

Орзу, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд ҳар сол гӯё ҳафтаи вижае ба ҷавонон бахшида мешавад, вале ҳатто дар ҳамин рӯзҳо ҳам дар амал барои ҳалли мушкилоти фаровони онҳо иқдоме муассире карда намешавад. Орзу мегӯяд, ҳафтаи ҷавонон дар тассавуроти ӯ то ба имрӯз танҳо бо баргузории консерту чорабиниҳои фарҳангӣ нақш бастааст, дар ҳоле, ки ҷавонон ин шабу рӯз ба ҳалли масоили муҳимтари худ ниёз доранд. Ва ӯ барои таҷлили ин ҷашн як пешниҳод дорад:

«Ҳар сол агар яке аз мушкилоти муҳимро дар арафаи даҳа ё ҳафтаи ҷавонон таҷлил мекарданд, яъне мавриди баррасӣ қарор дода роҳҳал меҷӯстанд, шояд барои ҷавонон мушкиле ҳам дигар боқӣ намемонд ба ҷуз аз таҳсил ва фароғат».

Орзу мегӯяд, агар чунин мешуд ва ҳафтаи ҷавонон ҳамасола ба як мушкили ҷавонон равона мегардид, хуб мебуд имсол ин сана ба масоили беманзилии онҳо бахшида мешуд, ки як мушкили доғу ташвишовар ва як омили аз ҳам пош хурдани аксар оилаҳои ҷавон шудааст: «Агар хона насозанд, ҳадди аққал як қитъаи замине ба як гурӯҳи муайяни ҷавонон ҷудо карда медоданд ин як кӯмаки хубе мебуд барои насли ҷавон».

Вақте бо ҷавонон роҷеъ ба мушкили онҳо сӯҳбат мекардем, қариб ҳама аз бекорӣ ва набуди ҷойи кори муносиб аз рӯи ихтисосашон шиква мекунанд. Ҳатто онҳое ҳам, ки тоза ба донишгоҳҳо шомил мешаванд, аз соли аввали таҳсил ба ин фикр фурӯ мераванд.

Рустам, мусоҳиби ҷавони мо, мегӯяд, хеле мехоҳад дар доираи ҳафтаи ҷавонон аз ин мушкил бештар ёдрас шаванд. Худи Рустам донишгоҳи технологиро хатм кардааст, аммо мегӯяд баъди кӯшишҳои зиёду бенатиҷа барои дарёфти кор аз рӯи ихтисос ӯ ноумед роҳи Русияро пеш гирифт. Аммо имрӯз ӯ ба Тоҷикистон баргашта боз ҳам дар ҷустуҷӯи кор аст. Ҳарчанд ин бор ҳам ба муваффақ шудан дар ин самт чандон умед надорад.

Бар асоси омори расмӣ беш аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистон сини то 17-сола ҳастанд ва беш аз 60 дарсади бекорони кишварро ҷавонон ташкил мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ҳамин бекорӣ ва мушкилоит фаровони иҷтимоии ҷавонон боис ба боло рафтани нишондодҳо дар масоили мисли мӯътодӣ ба маводи мухаддир, танфурӯшӣ, ҷинояткорӣ гаштааст.

Муртазо Хидиров, раҳбари маркази раҳоӣ аз нашъвандӣ, мегӯяд, ин мӯътодӣ дар Тоҷикистон то рафт ҷавон шудаву доман паҳн мекунад. Тибқи омори ғайрирасмӣ, мегӯяд ин коршинос, шумори мӯътодон дар кишвар ба 60 ҳазор нафар мерасад ва аксари мубталоён аз 20 то 39 сол доранд:

«Худи бекорӣ ва музди меҳнати дуруст гирифта натавонистан ин худаш асоси сар кардани истеъмоли нашъаовар аст. Яъне барои як лаҳза фориғ шудан аз ҳама мушкилоташон онҳо барои як умр худро вобастаи ин мавод мекунанд».

Дар Тоҷикистон ҳафтаи ҷавонон барои 12-ум бор аст, ки баргузор мешавад ва аз назари бисёр ҳамсолонамон дар ин муддат вазъ хеле кам тағйир кардааст. Яъне имрӯз ҳам бекорӣ, муҳоҷирати корӣ, шароити номусоид барои таҳсил, бехонагӣ ва садҳо дарди сари дигар домангири ҷавонони Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG