Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ба дидори муҳоҷирон ба Самара мераванд


21 майи соли 2009 дар шаҳри Самараи Русия мизи мудаввар дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Самара дар замони муосир: вазъ, мушкилот, дурнамо/тамоюл» баргузор мегардад.

Дар он масъулони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати Русия, намояндагони дигар сохторҳои дахлдори давлатии ду кишвар, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва расонаҳову коршиносон иштирок хоҳанд кард.

Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз ин мизи мудаввар мусоидат ба таҳияи стротежии ҳамкорӣ ва амалишавии ибтикорҳоие дар мавриди ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Самара мебошад.

Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо шароити фаъолият ва зиндагии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ силсилаи вохӯриҳоро бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар сохтмонҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Самара, бо намояндагони мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷамоаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар назар гирифтааст.

Бино бар омори расмӣ, дар соли 2008 ба вилояти Самара зиёда аз 230 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шуданд. Аз ин шумора ба зиёда аз 25 ҳазор нафар иҷозат барои кор дода шудааст, ки аз ин миқдор 44,1% шаҳрвандони Ӯзбакистон ва 27,3% шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекардаанд.
XS
SM
MD
LG