Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми раиси АФК: 16-уми май – «Регар» - «Тайван»


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар даври дуввуми сабқати интихобии Ҷоми раиси AФК (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар Непал дар гурӯҳи «А» 16-уми май бо дастаи «Тайван Пауэр Компани» бозӣ хоҳад кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» рӯзи шанбе дастаи мизбон - «Непал Полис Клаб» ва ВАПДА-и Покистон рақобат мекунанд.

Баъди бозиҳои даври аввал дастаи «Тайван Пауэр Компани» бо 3 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» дар ҷои аввал аст. ВАПДА ва «Регар» ТадАЗ, ки бозиро бо натиҷои мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд, якимтиёзӣ доранд. Вале тими мизбон – «Полис Клаб Непал», ки дар нахустин дидори худ аз «Тайван Пауэр Компани» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтааст.

Дар сабқати гурӯҳи «В» се даста рақобат доранд. Тими мизбон - «Абахани»-и Бангладеш дар шаҳри Дакка бар дастаи «Шри-Ланка Арми» (Шри-Ланка) бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи «Ишқобод»-и Туркманистон дар аввалин бозии худ дар ин гурӯҳ тими «Шри-Ланка Арми»-ро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Ба футболбозони туркман барои ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми раиси АФК бозии охирини гурӯҳиро бо мизбонон мусовӣ кардан кофист. Бозии «Абахани» ва «Ишқобод» низ 16-уми май баргузор мешавад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа се дастаи ғолиби сабқати интихобии гурӯҳӣ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2009, ки ахири сол доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG