Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи тирандозии Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии тирандозии Тоҷикистон, ки дар бошгоҳи варзишию тирандозии Ташкилоти мададгори мудофиаи кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Олег Набиев, мураббии калони дастаи мунтахаби тирандозии Тоҷикистон, ба радиои "Озодӣ" гуфт, ширкаткунандагони ин мусобиқа дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр рақобат карданд.

Дар сабқати мардон душанбегӣ Георгий Багдасаров бо 381 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ҳамшаҳриҳояш Маҳмадалӣ Алиев (374) ҷои дуввум ва Сергей Бабиков (373) ҷои севумро соҳиб шуданд.



Дар сабқати занон Зарина Бабиковаи душанбегӣ бо 376 имтиёз ғолиб омад. Сурайё Ҷумъаева (353, Душанбе) дар ҷои дуввум ва Муяссар Қодирова (350, вилояти Суғд) дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни наврасон намояндагони вилояти Суғд – Фаррух Ҷамолов (363 имтиёз) ҷои аввал, Парвиз Ғафуров (361) ҷои дуввум ва Шариф Шодмонов (359) ҷои севумро касб карданд.

Дар сабқати духтарон низ аъзои тими вилояти Суғд – Парвина Ҷӯрабоева (332) дар ҷои аввал, Уляна Тин (331) дар ҷои дуввум ва Комила Яҳёева (294) дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар ҳисоби дастаӣ тими Душанбе-1 ҷои аввалро соҳиб шуд. Дастаи вилояти Суғд мақоми дуввумро касб кард. Дастаи Душанбе-2 севум шуд.
XS
SM
MD
LG