Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Манчестер Юнайтед» - дар финали Лигаи қаҳрамонҳо


«Манчестер Юнайтед»-и Инглистон дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо 5-уми май дар меҳмонӣ «Арсенал»-и Инглистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Пак Чжи Сун, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Баъди се дақиқа Криштиану Роналду голи дуввумро ба самар расонд. Голи севумро низ Роналду дар дақиқаи 61-ум ба дарвозаи «Арсенал» зад. Як голи мизбононро Робин ван Перси аз пенолти дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии аввал низ бо пирӯзии «Манчестер Юнайтед» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Бад-ин тартиб «Манчестер Юнайтед», ғолиби феълии Лигаи қаҳрамонҳо, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба финал баромад.

Рақиби «Манчестер Юнайтед» дар бозии дигари ҷавобии даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо имрӯз, 6-уми май, байни тими мизбон - «Челси»-и Инглистон ва «Барселона»-и Испания муайян хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфта буд.
XS
SM
MD
LG