Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи шахнавардӣ


Руслани Диханови 14-сола, тарбиятгирандаи яке аз мактабинтернатҳои пойтахт, ва узви гурӯҳи кӯҳнавардони навраси «Зумрад» бо фатҳи қуллаи 28-метра дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии кишвар оид ба шахнавардӣ ба гурӯҳаш ғалаба овард.

Дар рӯзи дуввуми ин сабқат ҳам Руслан дар баробари варзишгарони аз худ калонтару бомаҳораттар барои расидан ба қуллаи 30-метра дар як вақти муайян рақобат кард, вале фатҳи ин қуллаи нисбатан баланд барои ӯ душвор буд ва наздики расидан ба марра, мисле ки дигар тавони боло баромадан надошт, ночор дастонашро аз порасангҳои кӯҳ озод кардаву худро ба ресмонҳои муҳофизатӣ ба ҳаво сар дод. Вай мегӯяд, «баромадам, қариб то боло расидам, вале дигар ҷои доштан наёфта, худро гум кардам».

Аслан аксари ширкатдорони мусобиқаи қаҳрамонии кишвар оид ба шахнавардӣ ҳамсолони Руслан, яъне наврасон ва ҷавонон буданд. Дар ин сабқат беш аз 60 нафар вобаста ба синашон дар 3 гурӯҳ, яъне гурӯҳи хурдсолон, наврасони аз 14 то 17-сола ва ҷавонони аз 17-сола боло, барои расидан ба қуллаи 28-30-метра рақобат намуданд.

Ба гуфтаи Елена Лоренс, раҳбари федеросиюни варзишӣ кӯҳнавардӣ ва шахнавардии Тоҷикистон, як ҳадафи аслии баргузории чунин мусобиқаҳо дар рушди варзиши кӯҳӣ, мисли кӯҳнавардӣ ва шахнавардӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба ин намудҳои варзиш аст:

«Кишвари мо кишвари кӯҳӣ аст, вале навъҳои варзиши кӯҳӣ аслан рушд намекунанд. Мо, варзишгарони ин ришта, то ҳадде кӯшиш дорем, барои аз байн нарафтани он саҳми худро гузорем. Вале ба ин ҳам чандон муввафақ намешавем, чун дастгирии молӣ надорем. Масалан, ҳамин мусобиқа бояд аз ҷониби кумитаи варзиш маблағгузорӣ мешуд, аммо вазорати молия маблағ ҷудо накардааст ва мо маҷбур шудем аз ҳисоби худ онро гузаронем.»

Руслан Диханови ҷавон бо фатҳи қуллаи 28-метра ба гурӯҳаш ғалаба овард
Зимни сӯҳбат бо хонум Лоренс нигоҳам ба наврасе афтод, ки дар гӯшае бо чеҳраи гирифтаву хеле нороҳат ва бо таассуф ба шухпаймоӣ ва ё кӯшиши ба қулла расидани ҳамсолонаш назора мекард. Асомиддин, ки тайи як сол ба кӯҳнавардӣ машғул будааст, мегӯяд, хеле мехост дар ин сабқат ширкат кунад, вале каме дер мондаву исмаш дар рӯйхати варзишгарон ворид нашудааст. Асомиддин кӯҳнавардиро беҳтарин навъи варзиш меҳисобад ва мегӯяд, дар бисёр ҳолатҳо одамон ба кӯмаки онҳо ниёз доранд:

«Ин касби хуб аст, масалан, дар ҳолатҳое мисли сӯхтор метавонем ба баландӣ баромада, кӯмак расонем. Боз дар ин навъи варзиш ҷисми инсон пурқувват ва саломатиаш ҳам хуб мешавад».

Аммо, ба қавли Шамсиддин Қаҳоров, кӯҳнаварди собиқадор ва ҳимоятчии мусобиқаи қаҳрамонӣ оид ба шахнавардӣ ва кӯҳнавардӣ, нафароне, ки мисли Асомиддин ба ин навъи варзиш майл ва таваҷҷуҳ дошта бошанд, хеле каманд ва омилаш ҳам, ба гуфтаи ӯ, дар тарғиби ками ин навъи варзиш ва набуди имконоту шароити молӣ барои баргузории сабқатҳо дар ин ришта аст. Оқои Қаҳоров худ дар варзиши кӯҳнавардӣ ва шахнавардӣ таҷрибаи 20-сола дорад. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ, вале қариб бе кӯҳнавард аст. Ягона кишварест, ки ба фатҳи қуллаи баландтарин 8 ҳазор метр даст наёфтааст:

«Сабабаш дар он аст, ки маблағгузори аз ҷониби кишвар нест. Ман наметавонам, ки бачаҳои ҷавонро бо худ гирифта, ба сабқатҳо, масалан, ба қуллаи Сомонӣ барам. Барои бачаҳо кафши хуб, либоси зарурӣ даркор. Он ҷо дар тобистон 30 дараҷа зери сифр аст ва боди хеле шадид дорад. Ҳатман либоси хуб, ғизоӣ хуб даркор. Дар Осиёи Марказӣ мо дар навъи варзиши кӯҳнавардӣ аз ҳама паст мондаем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шамсиддин Қаҳоров, кӯҳнавардӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои саёҳӣ аст, ки ба хусус дар кишвари кӯҳистоние, мисли Тоҷикистон, он метавонад миллиардҳо доллар фоида орад: «Тасаввур кунед, масалан, Непал як давлати кучак аст, вале қариб 90 дар сади даромади онҳо аз рӯи кӯҳистон, аз рӯи ҳамин кӯҳнавардӣ ва сайёҳӣ аст. Мо ҳам метавонистем аз он хеле хуб истифода барем.»

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи муттахассисони соҳа, феълан дар Тоҷикистон ҷавонону наврасон бештар ба навъҳои варзиши футбол ва таэквандо шавқ доранд ва аксаран волидон аз тарси хатарҳои кӯҳнавардӣ, ё афтидан аз қуллаҳои баланд монеи ба ин навъи варзиш рӯ овардани фарзандонашон мешаванд. Аммо Файзулло Шоҳимардонов, як кӯҳнаварди ҷавон, мегӯяд, ӯ аз хурди ба кӯҳгардӣ шавқи беандоза дошт ва имрӯз ба беш аз 20 кӯдакону наврасон ҳам кӯҳнавардӣ ва ё шахнавардиро меомӯзад:

"Ҳозир ҷавонҳоро мебинем майнушиву сигоркашӣ мекунанд ва ё аслан ба корҳое даст мезананд, ки ба саломатиашон зарар дорад. Беҳтар мебуд ҳамон 5-10 суме, ки барои хариди ин ҷизҳо сарф мешавад, як хуроки серғизое харидаву истеъмол кунанд ва ба варзиш машғул шаванд. Бигзор барои мусобиқа ё зурӣ не, танҳо барои саломатӣ варзиш кунанд".

Бо ин ҳама орзӯи ҳар наврасу ҷавоне, ки имрӯз ба кӯҳнавардӣ ва шахнавардӣ машғуланд, як ва он ҳам расидан ба қуллаҳои баландтарине, чун қуллаи Ленину Сомонӣ аст, аммо муаттахссисони соҳа мегӯянд, бо идомаи ин вазъ ва дар шароити феълии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон кӯҳнавардони хурдсол ҳам ба қуллаҳои орзӯи худ нарасида аз он дур мешаванд.

Сабқати шухпаймоӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00
XS
SM
MD
LG