Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов дар Қазоқистон


Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи чап)
Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи чап)

Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар нахустин мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷавоизи ёдбуди қаҳрамонони мардумӣ Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов дар Қазоқистон медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқа бо ширкати дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, инчунин, муштзанҳои Куба, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Сурия ва Жопун дар шаҳри Атирав баргузор шуд.

Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни то 91 кг дар даври ниманиҳоӣ муштзани маъруфи Куба Солиес Мадригесро шикаст дод ва дар сабқати ниҳоӣ бар намояндаи Русия ғалаба кард.

Ду муштзани тоҷик – Анвар Юнусов ва Мироҷиддин Каримов - бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Юнусов дар вазни то 54 кг дар даврҳои чаҳорякниҳоӣ ва ниманиҳоӣ бар муштзанҳои Муғулистион ва Жопун дастболо шуд, вале дар қувваозмоии финалӣ аз муштзани Куба Яндерс мағлуб гашт. Каримов бошад, дар вазни беш аз 91 кг то финал ду муштзани қазоқро мағлуб кард, вале дар даври ниҳоӣ аз муштзани Русия шикаст хӯрд.

Се намояндаи Тоҷикистон – Муродҷон Расулов дар вазни то 48 кг, Эмомалӣ Маллаев дар вазни то 57 кг ва Ҷасур Қурбонов дар вазни то 75 кг ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Бад-ин тартиб дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур, ки расман ба нақшаи тақвимии АИБА - Иттиҳодияи ҷаҳонии бокси омотурӣ ё ҳаваскорӣ - дохил шудааст, соҳиби 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардид.

Дар 6 вазн мизбонон – муштзанҳои Қазоқистон ва дар 2 вазн варзишгарони Русия пирӯз шуданд. Дар 3 вазни дигар намояндагони Куба, Сурия ва Тоҷикистон ҷойҳои аввалро касб карданд.
XS
SM
MD
LG