Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд


Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи чап)
Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов (аз тарафи чап)

Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷавоизи ёдбуди қаҳрамонони мардумӣ Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов дар шаҳри Атирави Қазоқистон ширкат дорад.

Дар ин мусобиқа ба ғайр аз дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, инчунин, варзишгарони Куба, Озарбойҷон ва Русия ҳунарнамоӣ мекунанд.

Се муштзани тоҷик – Анвар Юнусов (дар вазни то 54 кг), Ҷаҳон Қурбонов (то 91 кг) ва Мироҷиддин Каримов (+91 кг) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи мазкур, ки 30-юми апрел ба анҷом мерасад, расман ба нақшаи тақвимии Иттиҳодияи ҷаҳонии бокси омотурӣ ё ҳаваскорӣ дохил шудааст.
XS
SM
MD
LG