Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти обии сарони Осиёи Марказӣ


Нурсултон Назарбоев довари баҳси Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов хоҳад буд?

Президентҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Алматои Қазоқистон масъалаҳои марбут ба истифода аз захираҳои оби минтақаро баррасӣ мекунанд.

Расман ин нишасти панҷ узви Бунёди наҷоти баҳри Арал мебошад, аммо гуфтугӯ асосан ба барномаҳои энержии ду кишвари болооб -- Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтисос хоҳад ёфт. Дар остонаи нишаст, раҳбари Узбакистон, Ислом Каримов гуфтааст, кишварҳои болооб набояд бе ризоият ва машварати кишварҳои поёноб даст ба бунёди обанборҳои бузург бизананд.

Ба ақидаи вай, бунёди чунин обанборҳо маҷрои обро ба кишварҳои поёноб коҳиш медиҳад ва сабаби фалокатҳои нави экологӣ мегардад.

Матбуот дар остонаи нишасти Алмато менавишт, ки се кишвари поёноб Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар ин масъала ба як хулоса расидаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG