Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати теннисбозони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ


Варзишгари тоҷик Инъом Саидов

Варзишгарони тоҷик Инъом Саидов ва Хуршед Солеҳбоев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба тенниси рӯи миз дар Ҷопон ширкат хоҳанд кард.

Сайдулло Саидамиров, масъули Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, сабқати ҷаҳонӣ, ки барои бори 50-ум баргузор мешавад, аз 28-уми апрел то 5-уми май дар шаҳри Хогама доир мегардад.

Қаҳрамони тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Инъом Саидов аввалин бор дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат хоҳад варзид. Вале
Хуршед Солеҳбоев, ки дар мусобиқаи интихобии ҷумҳуриявӣ ғолиб шуд, барои бори дуввум шарафи варзиши Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ ҳимоя хоҳад кард. Вай соли 2006 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бремени Олмон дар сабқати дастаӣ ширкат карда, дар 2 бозӣ пирӯз ва дар як дидор мағлуб гашта буд. Хуршед ин дафъа дар сабқати инфиродӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ҳамзамон дар Ҷопон, ки барои бори шашум мизбонии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро бар дӯш мегирад, инчунин, ассамблеяи ҷаҳонии тенниси рӯи миз доир хоҳад шуд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG