Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли таъсиси ниҳодҳои НАТО дар Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва узви ҳайати порлумонии НАТО, Виталино Канас, Душанбе 21 апрели соли 2009.

Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ва ҳайати Маҷмаи порлумонии НАТО аз эҳтимоли таъсиси ду маркази минтақаии паймон дар Тоҷикистон гуфтугӯ шуд.

Тарафҳо мегӯянд, дар масъалаи таъсиси ниҳодҳои минтақаии Паймони Атлантики Шимолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Маркази махсуси мубориза бо терроризм ва Маркази наҷот дар ҳолатҳои изтирорӣ "гуфтугӯҳои судманд" ҷараён гирифтааст.

Дар ин бора тафсилоти бештар дода намешавад, вале эҳтимол меравад, бархӯрди мусбати тарафҳо ба масъала оғози афзоиши ҳузури НАТО дар Тоҷикистон бошад. Ҳамзамон сарвари ҳайати Маҷмаи порлумонии НАТО, дабири кулли ин маҷмаъ, Девид Ҳоббс, аз Тоҷикистон дар ҳифзи мувозанат дар равобиташ бо қудтарҳое чун Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар ситоиш кардааст.

Тоҷикистон феълан дар барномаҳои НАТО "Ҳамкорӣ барои сулҳ", "Тарҳи ҷудогонаи ҳамкорӣ бо НАТО" узвият дошта, қарор аст, ба барномаи "Тарҳрезӣ ва таҳлил" низ шомил гардад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG