Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари паҳлавонони тоҷик ба Маскав


Шоми имрӯз, 23-юми апрел, дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи поягузори самбо Анатолий Харлампиев ба шаҳри Маскав сафар хоҳад кард.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқаи анъанавӣ, ки яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳон ба шумор меравад, барои бори 30-юм доир мешавад ва дар он беш аз 250 варзишгари қариб 30 кишвар ширкат меварзанд. Мусобиқа оид ба самбои варзишӣ ва самбои низомӣ ё муҳорибаи тан ба тан байни мардону занон сурат мегирад. Тоҷикистонро танҳо мардон намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ҳудуди 20 гуштигир дохиланд, ки байни онҳо паҳлавонони маъруф, ба мисли Эраҷ Раҳимов, Олимҷон Зикаев, Далер Давлатов, Файзиддин Абдуллоев, Сӯҳроб Раҳимов, Пӯлодҷон Солеҳов, Беҳрӯз Сабзалиев, Санҷар Сарфарозов ва дигарон ҳастанд. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ порсол паҳлавони варзидаи тоҷик Далер Мусофиров дар рақобатҳо дар вазни то 62 кг мақоми аввалро касб карда буд».

Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Русия тӯли ду рӯз - 25-ум ва 26-уми апрел - идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG