Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Э. Раҳмон Ордени Шӯрои олимпии Осиё супурда шуд


Раиси Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал-Фаҳад дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 8-уми апрел бо раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Дар ин мулоқот масъалаи дурнамои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ шуд.
Шайх Аҳмад ас - Сабоҳ ал Фаҳад иттилоъ дод, ки имрӯз миёни Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад ва ҳадафи аслии онҳо кӯмак ба Тоҷикистон дар сохтмони иншооти варзишӣ ва беҳсозии тарбияти бадании мактаббачагон аст. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Шӯрои олимпии Осиё омодааст барои таъмини рушди бештари варзиш дар Тоҷикистон кӯмакҳои худро афзун намояд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал-Фаҳад ба Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар рушди ҳаракати олимпӣ дар қитъа Ордени Шӯрои олимпии Осиёро такдим намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Аҳмад ас-Сабоҳ ал Фаҳад, ки намояндаи воломақоми Давлати Кувайт аст, ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG