Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар Душанбе бо ширкати сафир


Рӯзи шанбеи гузашта мошини сафири фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Абутолиб Аҳмадов дар бархӯрди сарироҳии чанд мошин ширкат доштааст.

Хабаргузории "Азия плюс" бо такя ба маълумоти идораи умури дохилии пойтахти Тоҷикистон овардааст, ки сабабгори бархӯрд сафир будааст, ки шахсан дар ҳолати мастӣ ронандагии мошинро бар ӯҳда дошт.

Тибқи иттилои ҳамин манбаъ бар асари ин бархӯрд ду мошини шаҳрвандони Тоҷикистон зиён дидаанд.

Вале дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ манбаъҳои қобили эътимод таъкид намуданд, ки дар ҳақиқат рӯзи шанбе чунин як бархӯрде ҷой дошт, вале он хисороти бузурги ҷониву молӣ дар пай надошт ва дар он касе ҷароҳат набардоштааст.
XS
SM
MD
LG