Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучарха ба ҷойи Мерседес ва Тойота?


Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон эълом доштааст, ки сар аз якуми апрели соли ҷорӣ кормандони ин вазорат мошинҳои хидматии худро канор гузошта, ва ба истифода аз дучарха ва ё велосипед рӯ меоранд.

Ин тасмим, ба гуфтаи вазорат, дар иртибот ба муқобила бо таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва коҳиши хароҷоти молиявӣ гирифта шудааст ва аммо гуфтаанд, истифода аз дучарха иҷборӣ нест. Ба қавли масъулини вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, ин иқдом аз сӯи кормандон хуш пазируфта шудааст.

Бек Зуҳуров, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» гуфт, аллакай кормандони вазорат аз дучарха фаровон истифода мебаранд ва оммави шудани истифодаи велосипед аз сӯи кормандони вазорат бо ҳадафи коҳиши хароҷоти молии вазорат аст. Муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон гуфт, дучарха ба кормандони вазорат ройгон дода мешавад ва ин навъи нақлиёт сохти русӣ ва чиноӣ аст.

Истифода аз нақлиёти камхарҷи дучархаро бархе мансабдорон ва ходимони давлатӣ, ки дар ихтиёр нақлиёти хидматӣ доранд, қабул доранд, аммо мегӯянд, ҳоло барои мисол дар пойтахти кишвар шароити истифодаи фаровон аз дучарха нест, зеро ҷодаҳои махсуси велосипедрав вуҷуд надорад. Дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» Муҳаммад Забиров, вакили Маҷлиси намояндагон, ки низ аз нақлиёти хидматӣ истифода мебарад, гуфт, истифода аз дучарха ба саломатӣ манфиати зиёд дорад, аммо дар сурати чунин пешниҳод ӯ пиёда рафтанро интихоб мекунад.

Иқдоми вазорати нақлиёт ва коммуникатсия дар мавриди истифодаи дучарха ба ҷои мошинҳои хидматӣ дар Тоҷикистон нахустин аст ва як тасмими нақш гузоштан дар ҳифзи муҳити зист низ унвон мешавад. Аммо то куҷо мансабдорон дар кишвар ба хотири коҳиши хароҷоти идораҳо ва ҳифзи муҳити зист воқеан мошинҳои муосири сохти хориҷиро бо дучархаҳои чиноиву русӣ иваз мекунанд, ҳанӯз суол боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG