Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии манотиқи озоди иқтисодии Суғд ва Панҷ


Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" дар назди пули нави миёни Тоҷикистон ва Афғонистон таъсис дода мешавад

Вазорати рушди иқтисод ва савдо эълон кард, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шаҳри Хуҷанд ва дар назди пули Панҷи Поён бо ҳадафи рушди тиҷорату тавлидот таъсис дода шудаанд.

Лариса Кислякова, муовини вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон, мегӯяд, шароити ҳуқуқии ташкили ин манотиқи озоди иқтисодӣ аз сӯи порлумони кишвар фароҳам шуда, ҳукумати Тоҷикистон барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар Хуҷанд 320 ҳектор замин ва 400 ҳектор замин дар вилояти Хатлон ба муддати 25 сол ихтисос додааст. Вай гуфт, ҳарчанд дар Тоҷикистон қонун дар бораи ташкили манотиқи озоди иқтисодӣ вуҷуд дошт, аммо қонунҳои молиёту гумруки Тоҷикистон ба ташкили чунин манотиқ мухолиф буданд ва бо вуруди тағйирот ба ин қонунҳо шароит барои бунёди манотиқи иқтисодӣ фароҳам шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маъмурияти муасcисаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз сӯи ҳукумат ташкил шуда, роҳбарони онҳо таъин шуданд.

Масъулони вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, манотиқи озоди иқтисодӣ қитъаҳои алоҳидаи қаламрави Тоҷикистонанд, ки дар ҳудуди онҳо ширкатҳои гуногун бар асоси реҷаи вижаи андозбандӣ ва гумрукӣ фаъолият мекунанд ва мақомоти давлати ҳақи дахолат ба фаъолияти онҳоро надоранд. Зеро ҳудуди манотиқи озоди иқтисодӣ ҳамчун ҳудуди гумруки кишвар дониста шуда, ба молу мулки дар дохили он буда ҳамчун ба молу мулки дар хориҷи кишвар буда муносибат мешавад.

Анвар Ёқубов, раиси маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», мегӯяд, манотиқи озоди иқтисодӣ бо ҳадафи ҷалби сармояи хориҷӣ ва маҳаллӣ барои рушди тавлидот ва тиҷорат таъсис ёфта, барои мардуми оддӣ дастрасӣ ба ҷойҳои нави корӣ ва хариди таҷҳизоти гуногун бо нархи арзонро имкон медиҳанд.

Масъулони вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин эълон доштанд, ки ҳар ширкати хоҳ дохилӣ ва хоҳ хориҷӣ, ки ҳаҷми сармоягузориаш аз 500 ҳазор доллари амрикоӣ кам нест, метавонад бо дархост аз маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба муддати ҳади ақал се сол барои анҷом додани умури тавлидотӣ ва тиҷоратӣ дар ин манотиқ соҳиби замин шавад. Онҳо таъкид мекунанд, ки ҳар ширкате, ки дар манотиқи озоди иқтисодӣ дорои муҷаввиз барои фаъолият мешавад, ба ҷуз андоз аз музди кори кормандон аз пардохти кулли андозҳо ва боҷи гумрукӣ ба муддати ҳафт сол озод мебошад. Ин ширкат фақат муввазаф аст, солона барои 1 метри мурабаъ замин 1 доллари амрикоӣ ба маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳақ диҳад.

Лариса Кислякова мегӯяд, маҳз ба хотири ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба манотиқи озоди иқтисодӣ ҳукумат аз ситонидани молиёт дар ин манотиқи озоди иктисодӣ дар 7 соли аввал даст кашидааст. Ба қавли ӯ, ҳамчунин сармоягузорони хориҷӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳақ пайдо мекунанд, то ҳар фаъолияте, ки қонунгузории Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом диҳанд, аммо мавриди тафтиши молии ниҳодҳои давлатӣ қарор нагиранд. Ба қавли ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни раводид вориди манотиқи озоди иқтисодӣ шаванд.

Дар ҳамин ҳол Анвар Ёқубов, раиси маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», мегӯяд, дар манотиқи озоди иқтисодӣ фаъолиятҳое ба мисли коркарди аввалаи маъодин, фурӯш ва тавлиди маводи мухаддир, фурӯши аслиҳаю лавозимоти ҷангӣ, истеҳсол ва тиҷорати модаҳои радиоактиви хатарнок, табобати ҳайвоноти бемор, таҳия ва парокании барномаҳои радиоиву телевизион, истеҳсоли молҳои аксизӣ (ба ҷуз тавлиди мошинҳои сабукрав) ва истеҳсоли коғазҳои қиматнок мамнӯъ эълом шудааанд.

Мақомоти Тоҷикистон эълон доштанд, ки манотиқи озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ», дар ин кишвар ягона нахоҳанд буд. Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон эълон кард, ки дар ояндаи наздик чунин манотиқ дар зодгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон низ таъсис хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG