Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - дар гурӯҳи севуми Ҷоми Дэвис


Дастаи мунтахаби мардонаи тенниси Тоҷикистон дар Ҷоми Дэвис дар гурӯҳи севуми минтақаи Осиёву Уқёнус ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ибод Шарифӣ, муовини раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бозиҳои ин гурӯҳ аз 13-ум то 21-уми апрел дар Сурия баргузор хоҳанд шуд. Дар сабқати гурӯҳ 8 даста - Эрон, Лубнон, Уқёнус, Арабистони Саъудӣ, Сурия, Шри-Ланка, Сингапур ва Тоҷикистон – ширкат хоҳанд кард. Бар асоси низомномаи мусобиқа дастаҳое, ки дар гурӯҳи севум ҷойҳои якуму дуввумро соҳиб мешаванд, ба гурӯҳи дуввум роҳхат мегиранд.

Ибод Шарифӣ афзуд, беҳтарин теннисбози тоҷик Дилшод Шарифӣ, ки феълан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад, ҳатман дар Ҷоми Дэвис ширкат хоҳад кард. Барои се ҷои дигар 4 нафар – Сергей Макашин, Бахтиёр Саъдуллоев, Анвар Раҳматов ва Мирҳусейн Яҳёев – довталаб мебошанд.Барои муайян кардани ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар айни ҳол дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе бозиҳои интихобӣ ҷараён доранд.

Инчунин, бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи дастаи мунтахаби кишвар ба сабқати интихобии Ҷоми Дэвис мусобиқаи теннис бахшида ба Иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG