Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили мактабиён аз сӯи полис кушта шуд


Ҷавоне, ки субҳи имрӯз толибилмон ва устодони як мактаб дар шаҳри Виннендени канори Штутгарт, воқеъ дар ҷанубу ғарби Олмонро тирборон кард, аз сӯи кормандони полис кушта шуд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса 15 нафар - 9 толибилм, се муаллим ва се раҳгузар кушта шуданд. Дар тирпарронӣ бо қотил ду корманди полис ҳам ҷароҳати сангин бардоштаанд.
Ба иттилоъи мақомот, ҷинояткор як ҷавони 17-сола ва толибилми собиқи ҳамин мактаб будааст. Ӯ субҳи имрӯз бо чанд силоҳ ва дар тан либоси сиёҳи низомӣ вориди мактаб шуда устодони толибилмонро тирборон кард ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Амалиёти боздошти ӯ чанд соат идома дошт ва миёни қотилу полис тирпарронӣ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG