Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаштуми март Рӯзи модар эълон шуд


Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як қарор 8 мартро Рӯзи модар эълон кард.

8 март аз замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи байнулмилалии озодии занон таҷлил мешуд, вале Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш он идро ҷашни маснӯъие номидааст, ки ба гуфтаи ӯ, “ ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад.”

Оқои Раҳмон гуфтааст, рӯзи байнулмилалии занон собиқаи ҳамагӣ садсола дорад, дар ҳоле ки дар тамаддуни ориёӣ ҳанӯз 3000 сол қабл ба хотири ба ҷо овардани эҳтироми занону модарон ҷашни хосае доштаанд.

Дар фармон омадааст, ки ин фармон “бо мақсади бузургдошти зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила” содир мешавад.
XS
SM
MD
LG