Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 медали варзишгари Душанбе дар Тошканд


Варзишгари шаҳри Душанбе Игор Хан дар мусобиқаи байнулмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук байни навҷавонон дар шаҳри Тошканд як медали тилло ва ду медали биринҷӣ ба даст овард.

Вай дар давидан ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 7,07 сония ҷои аввалро касб карда, дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 23,40 сония севум шуд. Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Александр Пронженко, Игор Хан, Азиз Абдуллоев ва Шаҳбоз Исҳоқов дар эстафетаи 4х200 метр бо натиҷаи 1 дақиқаю 39,44 сония бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Тоҷикистон пас аз тими мизбон - Узбакистон (ғолиби мусобиқа) ва мунтахаби Қазоқистон (ҷои дуввум) мақоми севумро касб кард.

Инчунин Игор Хан дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Узбакистон оид ба варзиши сабук дар иншооти сарпӯшида дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 23,7 сония ҷои севумро касб карда, ба медали биринҷӣ даст ёфт.

XS
SM
MD
LG