Аммо бо вуҷуди ба чунин шикастҳои сангин мувоҷеҳ кардани иқтисоди дунё бисёре аз бонкдорон кори худ дар ҷабҳаи раҳбарии бонкҳоро бо ҷоизаҳои хеле бузург ба истилоҳ “қадрдонӣ” кардаанд, ки боиси хашми бештари мардум, аз ҷумла дар Амрикову Бритониё шудааст.
Вақте Ҷон Тайн ба курсии раҳбарии Мерилл Линч нишаст, дафтари корашро аз нав ороиш дод ва ба ин хотир беш аз 1 миллион долларро ба боди фано супурд. Аз ҷумла, 35 000 доллар сарфи харидории танҳо як ҷевони чорпоя шуд.
Албатта, ин ҷевон кадом намунаи ангуштнамои хароҷоти беҳудаи мардуми сарватманд нест. Аммо харҷҳои беҳудаи Ҷон Тайн ба оташи хашму ғазаби мардум нисбат ба бонкдороне равған рехт, ки бо вуҷуди миллиардҳо доллар зиёни аз бӯҳрон дидаи муассисаҳои молӣ аз маошу имтиёзҳои худ сари мӯе кам накардаанд. Яке аз бонкҳои бӯҳронзада ҳамин Мерилл Линч аст, ки акнун Бэнк оф Америка фурӯяш бурдааст. Таҳқиқи баъдӣ нишон дод, ки тайи фақат соли гузашта ҳудуди 700 менеҷери аршади Мерилл Линч ҳар кадом дастикам 1 миллион доллар ҷоиза дарёфт кардаанд.
Ҷеймс Горман, яке аз ҳамраисони Морган Стэнлӣ, бонки дигаре, ки низ рӯ ба раҳми ёронаҳои давлати Амрико нишастааст, низ дар бораи эътои чунин ҷоизаҳо хабар дод, вале хоҳиш кард, ки ин пулро мукофот ном набаранд.
Питер Морисӣ, профессори донишгоҳи Мерилэнд мегӯяд: “Онҳо соли гузашта дар Волл Стрит 25 миллиард доллар бохтанд ва маблағи ба ҳайси ҷоиза пардохткардаи онҳо низ баробари 25 миллиард доллар шуд. Ва онҳо ба хотири наҷоти худ акнун аз сандуқи давлатии наҷот аз ҳисоби андозсупори амрикоӣ пул мегиранд ва мегӯянд, пули аз давлат гирифтаро барои пардохти ҷоизаҳо масраф накардаанд. Албатта, не! Онҳо пули иҷораро барои ҷоиза сарф карданд ва аз давлат пул гирифтанд, ки пули иҷораро бипардозанд. Онҳо ҳам аз андозсупорҳо ва ҳам аз саҳҳомон дуздӣ мекунанд.”
Боқӣ ҷӯяндагони кӯмаку ёронаҳо аз барномаи давлатии наҷоти иқтисод низ ба резу чош ва масрафи беҳудаи маблағҳо муттаҳам мешаванд. Эй Ай Ҷӣ, аз бузургтарин ширкатҳои суғуртаи Амрико, ки низ ба хатари расвоӣ рӯбарӯст, ба иллати харҷи миллионҳо доллар дар даври ниҳоии мусобиқоти футбол ва Нортен Траст, аз бузургтарин бонкҳои Чикаго, ба маҳзи мизбонии сабқати голф таҳти интиқоди шадид қарор гирифтанд.
Аммо усули “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” хоси танҳо бонкдорони амрикоӣ набудааст.
Дар Бритониё Фред Гудвин моҳи октябр аз мақоми мудиромили Роял Банк оф Скотланд бо нафақаи “хоксорона”-и тақрибан 990 000 доллар дар сол ба истеъфо рафт. Он ҳам дар ҳоле, ки Роял Банк дучори хисороти дар таърихи ширкатҳои Бритониё бесобиқа шудааст. Глен Морено, раҳбари ожонсии тозабунёди масъули идораи саҳми давлат дар бонкҳои тиҷоратӣ, рӯзи 3 март ба вакилони парлумони Бритониё гуфт: “Ман бояд бигӯям, ки ин нафақа комилан ҷоиза барои нокомӣ буда, тавре дар Амрико мегӯянд, парашюти тилоист. Ба назари ман, ин нодуруст буд.”
Давлати Бритониё аз Фред Гудвин хостааст, ки худ аз чунин нафақа даст бикашад. Вале агар ӯ радд кунад, давлат аҳроми зиёде дар ихтиёр надорад, ки Гудвинро ба ин амр маҷбур кунад.
Ин аст, ки бисёри давлатҳо, аз ҷумла Фаронсаву Олмон, акнун ҳаҷми маошу имтиёзҳои бонкдоронеро, ки аз сандуқҳои давлатӣ кӯмак меҷӯянд, аз қабл маҳдуд мекунанд. Раисҷумҳури Амрико Барак Обама низ ҳадди аксари маоши солонаи мақомоти аршади бонкҳову ширкатҳои мӯҳтоҷи кӯмакро 500 000 доллар таъйин кардааст. Бархе бонкҳо, аз ҷумла Ситӣ Груп, дар посух ба ин интиқодҳои афзоянда, даст ба коҳиши маошу имтиёзҳои мақомоти аршади худ зада, аз ҳисоби шабнишиниҳои пурхароҷот низ хеле кам кардаанд.
Вале набояд кулли бонкдоронро ҳарис ба қалам дод. Леонард Абесс, раҳбари бонки Флорида, барои мисол, дар поёни соли гузашта саҳми худро дар Ситӣ Нэшнл Банкшейрз дар ивази 60 миллион доллар ба фурӯш зад ва маошу ҷоизаи аҳли бонк ва коргарони собиқашро аз ҳамин пул пардохт.