Ҳамчунин дар ин кофнронс бархе аз масъулони идораҳои давлатӣ, рӯҳониён ва намояндагони илму адаби кишвар ширкат ва суханронӣ кардаанд. Ин конфронс дар робита ба соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа, мулаққаб ба Имоми Аъзам ва бунёдгузори мазҳаби ҳанафия, сурат мегирад, ки соле пештар аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.
Аммо ин ҳимояти расмии мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки таҳлилгарон муносибати давлат бо диндорон дар ин авохир хатчадоршуда ва тавсеаёбии ҳузури ҷараёнҳои тозапайдои мазҳабӣ дар кишварро аз эҳтимол дур намедонанд.
Шарҳҳоро бинед (6)
Боз кардани шарҳи бештар