Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ва Душанбе музокиротро аз сар мегиранд


Имрӯз, 18-уми феврал, дар Душанбе музокироти Комиссиюни байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон ба кор шурӯъ кард

Ин комиссиюн барои аввалин бор пас аз шаш соли таъсис ва иҷлоси нахустин дар соли 2002 ба баррасии 13 масъала мепардозад.

Ҳайати узбакистонӣ таҳти раёсати Рустам Азимов, муовини аввали сарвазири Узбакистон, бо мақомоти Тоҷикистон гуфтугӯ мекунад. Ба далели он, ки Рустам Азимов яке аз чеҳраҳои наздик ба раисҷумҳури Узбакистон аст, бархе аз коршиносон аз ин нишаст пешрафти равобити ду кишварро интизоранд.

Ҳайати Тоҷикистонро ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон сарварӣ мекунад.

Дар мавриди ҷузъиёти ин музокирот хабарнигори радиои Озодӣ дар давоми рӯз гузориш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG