Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе байни ҷавонон бо пирӯзии Марворид Насриддинова ба анҷом расид.

Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 13 нафар писарону духтарони синнашон то 20-сола барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза бурданд.

Марворид Насриддинова бо 11 имтиёз аз 12 бозӣ ҷои аввалро касб кард. Меҳрангез Раҳматова бо 9 имтиёз дуввум шуд. Алиёр Чоршанбиев бо 8,5 имтиёз дар ҷои севум ва Темур Гадоев бо 8 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд.

Саодат Одинаева афзуд, ғолибони сабқати шаҳрӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи март баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG