Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Бишкек


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои гиромидошти хотираи сарбози интернасионалист Виталий Гордеев, ки имрӯз – 9-уми феврал - дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои бори 22-юм доир шудааст, гуштигирони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шарафи варзиши тоҷикро дар ин мусобиқа намояндагони бошгоҳи марказии варзишии артиши кишвар, паҳлавони шинохта Олим Зикаев дар вазни то 62 кг, Ҳотам Ашӯров дар вазни то 68 кг, Сулаймон Сулаймонов ва Санҷар Сарфарозов ҳарду дар вазни то 74 кг ҳимоя мекунанд.

Ғолибони мусобиқа шоми 10-уми феврал муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG