Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон озими Аврупо шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рига, 9 феврали соли 2009.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рига, 9 феврали соли 2009.

Имрӯз, 9-уми феврал, силсиласафари раисҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо бо дидор аз Белгия оғоз мешавад.

Вай дар ҷараёни ин боздид бо ниҳодҳои Иттиҳодии Аврупо низ мулоқот анҷом хоҳад дод. Боздиди мазкур аз 9-ум то 12-уми феврал давом мекунад. Боздиди расмии раисҷумҳури Тоҷикистон аз Белгия бо даъвати Ҳерман ван Рампей, нахуствазири ин кишвар, анҷом мегирад.

Дар барномаи боздид мулоқот бо Алберти 2 - шоҳи Белгия низ дар назар гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин боздид ҷониби Тоҷикистон ва Белгия як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ имзо хоҳанд кард, ки метавонад заминаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф фароҳам созад.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Хосе Мануэл Бароссо - раиси Кумиссиюни Аврупо, Ҳовиер Солоно - масъули равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва бо Бенита Ферреро Валднер - кумиссари Кумиссиюни Аврупо низ дар назар аст. Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар порлумони Аврупо дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо суханронӣ кунад.

Ҳамзамон тибқи як иттилои таъйиднашуда, интизор меравад, ки дидор ва гуфтугӯи раисҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбарияти созмони НАТО барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба сурат бигирад.

Дар ҷараёни боздид аз Белгия Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гушоиши бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG