Масъулини ноҳияи мазкур мегӯянд, бар асари сардиҳои соли гузашта ва имсол як кисмати анорбоғро сард задааст ва эҳтимол боқӣ дарахтони сабзи анор дар тобистони имсол ба хушкӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Мирзо Содиков, раиси ҷамоати Ёли ноҳия мегӯяд, замоне, ки анорбоғҳои мазкур бунёд ёфтанд, дар ин мавзеъ аҳолӣ хеле кам буд, вале ҳоли ҳозир бинобар афзоиши аҳолӣ ва истифодаи об аз ҷониби онҳо об ба анорбоғ интиқол намеёбад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, обе ки барои анорбоғ аз рудхонаи Панҷ оварда мешуд, ҳоло аз баландии боғ дар масофаи 20 метр поин қарор дорад, ки наметавон аз он истифода бурд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, панҷ сол боз аз боғоти анори ноҳияи ҳосили хуб ба даст намеояд. Аз як тараф, агар ҳосили ин боғро сард занад, аз сӯи дигар бинобар беобӣ дарахтон меваи қобили истеъмол ба бор намеоранд.
Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, воқеан хушкшавии анорбоғҳо бинобар сардзанӣ ва беобӣ онҳоро ба ташвиш овардааст. Вай мегӯяд, онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудаанд, то ҷиҳати бо об таъмин намудани анорбоғҳо ва бунёди чунин боғҳои нав мусоидат кунанд. Ҷаноби Азизов гуфт, ки талош мекунанд, то ба ҷои дарахтони хушкшуда анорҳои нав шинонанд.
Коршиносон мегӯянд, муҳити зисти Даштиҷум барои парвариши анор хеле мувофиқ аст. Маҳз бад ин хотир ҳанӯз соли 1980 дар ин мавзеъ ҳукумати Шӯравии собиқ бунёди анорбоғҳоро шурӯъ намуда буд. Онҳо мегӯянд, анори Даштиҷум на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо тамъу лаззати хоси худ фарқкунанда буд. Дар ҳамин маврид масъулин мегӯянд, бунёди анорбоғҳои нав метавонад буҷаи ноҳияро низ ғанӣ гардонад.

Бале баҳонаи куҳҳо дигар баҳона наёфтед. Ами куҳҳои бегуноҳро ҳам гунаҳгор карданд. Дар Афғонистон магар куҳ нест дар кишвари ҷангзада интернетшон арзон.
Илтимос мардуми тинчу оромро ба шур оварда мамлакати ободро вайрон накунед. Мушкил дорем ин сахтихо мегузаранд. Ватанро вайрон накунед. Як бор мамлакатро ба худиву бегона кулобиву помири чудо карда хуни хамдигарро рехтем. Бас. Вахдату сулху тинчи неъмати худо аст. Ба кадраш бирасем ки газаби худо меояд. Милисахоро монед машк кунанд. Онхо вазифаашон аст. Бигзор кори худро кардан гиранд.
Шерҳои Душанбе, Хатлон, Ҳисор, Бадахшон, Рашт, Дарвоз ва Хуҷанд, агар шумо шер бошед, аввал муттаҳид шавед, баъд як гап мешавад. Ман шери нарум, ӯ шери модаай, ваюш шербаччаҳай - гуфтан қатӣ ҳамин ғуломшерҳои диктатор мемонед. Агар дар байни шерҳо ҳам маҳалгароӣ бошад, шерҳо ба шағолҳо табдил мешаванд. Ҳамаи мо фаҳмидем, ки ин мардуми Тоҷикистонро ба маҳаллу қавм тақсим кардан танҳо ба фоидаи диктаторҳо ва авторитарҳо аст. Ӯзбекҳо ҳам бародарони мо ҳастанд! Шерҳо шер будани худро нишон диҳед. Дигар Хуҷандчаву, Кӯлобча, Душанбечаву Самарқандча қатӣ фақат шерғулом мешаведу халос. Муттаҳид шавед, кор тамом!!!
Дар Точикистон нархи чи арзон буд, ки боз интернет шавад?!.
Таррахум бар паланги тездандон Ситамкори бувад бар гусфандон.. Чинояткор бояд дар назди конун чавоб гуяд, касе бошад набошад, то адолат чори шавад, ай дасти хамин хел бешарафу харомхурхо,мардуми кишвар руз то руз тангдасту кашшок шуда истодаанд, корупсияро решакан кардан даркор, то ру ба бехбуди орем