Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин нерӯгоҳи барқи бодӣ дар Рашт


Нерӯгоҳҳои барқи бодӣ дар бисёр кишварҳо маъмуланд
Нерӯгоҳҳои барқи бодӣ дар бисёр кишварҳо маъмуланд

Дар ҳоле, ки тайи чанд рӯзи ахир дар водии Рашт бебарқиҳои комил ҳукмфармост, нахустин нерӯгоҳи барқи бодӣ, ё шамолӣ дар Ғарм насб гардид.

Ин дастгоҳи барқдиҳандаи бодиро Бунёди Оқохон аз кишвари ҳамсояи Чин ба Рашт ворид кардааст. Масъулини Бунёди Оқохон дар водӣ ҳадаф аз воридкунии чунин як нерӯгоҳро шиносоии мардум бо он ва дар оянда истифода кардани аз он маънидод мекунанд.

Орзухӯҷа Раҳимов, котиби ҷамоати Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт ба радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ин нерӯгоҳи кӯчаки бодӣ то 2 киловатт барқ нерӯ дорад, аммо дар шароити кӯҳистони қобили истифода аст.

Намуди ин нерӯгоҳи бодӣ тайёраеро мемонад, ки чархи он вобаста ба самти ҳаракати бод дар баландии 7-8 метр давр мезанад. Ҳамзамон ин дастгоҳ бо ду акумулятори худ ба ҳангоми қатъ шудани шамол метавонад то 24 соати дигар муназзам барқ ҳосил кунад.

Ба гуфтаи Орзухӯҷа Раҳимов, ин дастгоҳ тақрибан 8 кило вазн ва қариб ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Дар ҳамин ҳол Исломи Анвар, як сокини водии Рашт, гуфт, истифода аз нерӯгоҳҳое, ки бо нури офтоб ва бод барқ тавлид мекунанд, барои шароити ҳавои шамолхези кӯҳистон муносиб мебошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди саршории дарёву рудҳо дар кӯҳистон тайи даҳсолаи ахир дар бунёди нерӯгоҳҳои кӯчаки барқи обӣ кори назаррасе дар ин минтақа анҷом нашудааст.

Масъулини Бунёди Оқохон дар водии Рашт мегӯянд, тасмим гирифтаанд, тайи замони наздик боз то даҳ адад нерӯгоҳҳои барқи бодиро ба Рашт ворид созанд.

XS
SM
MD
LG