Давлат Назрӣ, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар нимаи дуввуми рӯзи сеюми феврал раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав парвоз хоҳад кард.
Қаблан, ахборе аз манобеъи расмӣ интишор ёфта буд, ки ҳама гуна сафарҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ба берун аз кишвар то ба таърихи даҳуми феврал ба далели вазъи мушкили энержӣ дар ҷумҳурӣ мавқуф гузошта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, манобеъе дигар аз мақомот мегуфтанд, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоишҳои Маскав иштирок хоҳад кард.
Сабаби чунин номаълумиҳо дар сафари президенти Тоҷикистон ба Маскавро коршиносон дар сардии бесобиқаи муносиботи ин кишвар бо Русия дар ин сардиҳои зимистон медиданд. Пас аз изҳороти тошкандии Дмитрий Медведев дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эътироз баён карда буд ва ҳам дидори раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Русия дар Маскав, ки мебоист дар таърихи дуюми феврал сурат бигирад, лағв гардид.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, сеюми феврал, Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши СПАД ба Маскав сафар кард.