Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Амонатов дар даври севуми «Moscov Open-2009»


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар даври севуми ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмоти «Moscov Open-2009» бар гроссмейстери амрикоӣ Дмитрий Гуревич пирӯз шуд.

Панҷумин давраи ин ҷашнвора дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии шаҳри Маскав ҷараён дорад.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов дар сабқати «А», ки бо ширкати 275 шатранҷбози 20 кишвар баргузор шудааст, дар 3 бозӣ 2,5 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи дуввуми пешсафон ҷой гирифтааст. Пас аз ҷамъбасти 3 даври мусобиқот 16 нафар 3-имтиёзӣ ва 29 нафар 2,5 имтиёзӣ доранд.

Фаррух Амонатов дар даври чаҳорум бо намояндаи Русия Виталий Тшесковский бозӣ хоҳад кард.

Сабқати «А», ки аз 9 давр иборат аст, 8-уми феврал ба анҷом мерасад. Маблағи ҷавоизи ҷашнвора 7 миллион рубли русиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба ғолиби сабқати «А» 500 ҳазор рубл супурда мешавад.

Вале шатранҷбози дигари тоҷик Зариф Сафоев дар сабқати «В» дар даври севум низ аз шатранҷбози рус Александр Антонов мағлуб шуд. Ҳарифи Зариф дар даври севум намояндаи Русия Карен Ҷаникян мебошад.
XS
SM
MD
LG