Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди Меркелов ва Бабурова дар Маскав


Имрӯз садҳо нафар дар маркази Маскав дар як гирдиҳамоии ёдбуди вакили дифоъ Станислав Маркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова ширкат намуданд. Станислав Маркелов, ки аз духтари нокоми чечен Элза Кунгаева пуштибонӣ ва алайҳи озод шудани қотили ӯ полковник Юрий Буданов садо баланд мекард ва хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анастасия Бабурова рӯзи 19 январ мавриди сӯиқасди афроди номаълум қарор гирифта буданд. Гирдиҳамоии ёдбуд бо ибтикори гурӯҳҳои чапгаро ва созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи башар баргузор шуд. Ширкатдорон аз мақомот хостанд, ки қотилонро ҳарчӣ зудтар боздошт ва муҷозот кунанд.
XS
SM
MD
LG