Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2011: Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ


Бозиҳои даври дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2011 бо ширкати 16 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои қора баргузор шуданд.

Узбакистон бар Аморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн бар Ҷопон, Яман бар Ҳонконг, Уммон бар Кувайт бо ҳисоби якхелаи 1:0, Лубнон бар Сурия бо ҳисоби 2:0, Сингапур бар Урдун боҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст оварданд. Ду бозии дигар байни Индонезия ва Австралия, Тайланд ва Эрон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи «А» Баҳрайн бо 6 имтиёз, дар гурӯҳи «В» Уммон бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи «С» Аморати Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон бо 3-имтиёзӣ, дар гурӯҳи «D» Сурия бо 6 имтиёз ва дар гурӯҳи «Е» Эрон бо 4 имтиёз пешсафанд.

Вале, мутаассифона, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бонуфузтарин мусобиқоти қитъавӣ ширкат намеварзад. Футболбозони тоҷик соли гузашта як имкони ба даст овардани роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011-ро аз даст доданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз имкон дорад, соли оянда дар Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии қора бо дастаҳои миллии Афғонистон, Қирғизистон, Туркманистон, Куриёи Шимолӣ, Мянмар, Непал ва Шри-Ланка мубориза барад.

XS
SM
MD
LG