Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Шериф» - барандаи Ҷоми Иттиҳод-2009


Дастаи «Шериф»-и Молдова барандаи Ҷоми қаҳрамонони футболи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик дар соли 2009 гардид.

«Шериф»-и Тираспол дар бозии ниҳоии Ҷоми Иттиҳод, ки 25-уми январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпӣ»-и шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дастаи «Оқтеппа»-и Қазоқистонро мағлуб кард.

Замони асосии дидор бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ низ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи пенолти «Шериф» бо ҳисоби 5:4 пирӯзӣ ба даст овард. Аҷиб аст, ки қаҳрамони футболи Молдова дар ду бозии қаблӣ - дар даври чаҳорякниҳоӣ бар «Вентспилс»-и Латвия ва дар даври ниманиҳоӣ бар «Пахтакор»-и Тошканд низ аз рӯи пенолти ғолиб шуда буд.

Ёдовар мешавем, дастаи «Шериф», ки барои бори дуввум соҳиби Ҷоми Иттиҳод гардид, дар сабқати гурӯҳӣ бар дастаҳои «Шахтёр»-и Укроин бо ҳисоби бузурги 4:0 ва «Регар» ТадАЗ -и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бозиро бо «Левадия»-и Эстония бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом дода буд. Ҳамин тариқ, «Шериф» дар гурӯҳи «С» бо 7 имтиёз ҷои аввал ва «Регар» ТадАЗ бо 4 имтиёз ҷои дуввумро касб карда, ба даври баъдӣ роҳ ёфта буданд. Вале қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки дар даври чаҳорякниҳоӣ аз тими «Интер»-и Боку - қаҳрамони футболи Озарбойҷон – бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод маҳрум шуд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ, пас аз бозгашти футболбозони тоҷик аз шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз натоиҷи ба даст овардаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар ҳабдаҳумин давраи Ҷоми Иттиҳод изҳори қаноатмандӣ кард. Зеро дар тӯли 17 соли ширкати худ дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ футболбозони тоҷик барои бори аввал ба чаҳорякфинал баромаданд.

Ба иттилоъи Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дастаи «Регар» ТадАЗ, ки имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба тамрин шурӯъ кард, минбаъд ба мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик, омодагӣ хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG