Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Афғонистон кумак мекунад


Кай Эйде
Кай Эйде

Имрӯз намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон Кай Эйде бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот масоили кумакҳои Душанбе барои таҷдиди иқтисоду амнияти Афғонистон матраҳ шуданд.

К. Эйде нақши муҳимми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, барои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистонро таъкид намуд. Ба қавли Кай Эйде, мақомоти Афғонистон метавонанд бо истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба даргириҳо ва бесарусомониҳои сиёсӣ дар кишвари худ хотима диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Эйде тавсеъи нерӯҳои байнулмилалӣ ва NАТО дар Афғонистонро дар вазъи кунунӣ ба нафъи кор хонд ва таъкид кард, ки ин амал барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар ёрӣ медиҳад.

Ба қавли Кай Эйде, Тоҷикистону СММ барои раҳоии Афғонистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ҳудудан 40 тарҳро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Вале, афзуд ӯ, кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой то ҳанӯз аз омодагии худ барои ҳамкорӣ дар мусоъидат барои амнияти Афғонистон ба ин созмон муроҷиат накардаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҷониби Тоҷикистон борҳо ҳусни тавҷҷуҳи худ барои хатми даргириҳо дар Афғонистонро изҳор намудааст.
Як рӯз қабл аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот намуда буд.
XS
SM
MD
LG