Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» аз мубориза барои Ҷоми Иттиҳод маҳрум шуд


Дастаи «Регар» ТадАЗ -и Турсунзода дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик дар шаҳри Маскав аз тими «Интер»-и Бокуи Озарбойҷон бо натиҷаи 0:2 мағлуб шуд.

Ин бозӣ 21-уми январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпӣ»-и пойтахти Русия барпо гашт. Нимаи аввали дидор комилан бо бартарии бозигарони озарӣ сурат гирифт. Рубинс, ҳамлагари «Интер», дар дақиқаи 24-ум аз хатои ҳимоятгарони «Регар» ТадАЗ, ки мехостанд ҳолати нобозиро ба вуҷуд оранд, истифода карда, аз масофаи тақрибан 16 метр тӯбро ба ҳадаф расонд.

Баъди танаффус, дар дақиқаи 48-уми дидор, ҳимоятгари «Регар» ТадАЗ дар ҷаримагоҳ бо даст бозӣ кард ва сардовар Юрий Баскаков, аз Русия, пенолти таъин намуд. Гуглиел Моне тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба самар расонда, ҳисобро афзун кард.

Ҳамин тариқ, дастаи «Регар» ТадАЗ, ки аз тими «Интер» - қаҳрамони футболи Озарбойҷон – бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд, аз идомаи мубориза барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод маҳрум гашт. «Интер» бошад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва 23-юми январ бо «Оқтеппа»-и Қазоқистон рақобат хоҳад кард. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаҳои "Пахтакор"-и Узбакистон ва "Шериф"-и Молдова рақобат хоҳанд кард. Воқеъан, дар мусобиқаи соли гузашта дастаи «Хазар»-и Озарбойҷон барандаи Ҷоми Иттиҳод гардида буд.

Бо вуҷуди бохт дар даври чаҳорякниҳоӣ натоиҷи ба даст овардаи қаҳрамони футболи Тоҷикистонро дар ҳабдаҳумин давраи Ҷоми Иттиҳод метавон қаноатбахш ҳисобид. Зеро дар тӯли 17 соли ширкати худ дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ футболбозони тоҷик барои бори аввал ба чаҳорякфинал баромаданд. Вале ба ин натиҷа «Регар» ТадАЗ, аслан, бо «кӯмаки» ҳарифаш дар сабқати гурӯҳӣ - бошгоҳи футболи «Шахтёр»-и Донетск, қаҳрамони Укроин, ки ба ин мусобиқа ҳайати севуми худро фиристод, даст ёфт.
XS
SM
MD
LG