Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2009: «Регар» - «Шериф» - 1:2


Дастаи «Регар» ТадАЗ -и Турсунзода дар дуввумин дидори худ дар Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки дар шаҳри Маскави Русия ҷараён дорад, аз тими «Шериф»-и Тирасполи Молдова бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд.

Дар ин бозии гурӯҳи «С», ки дар толори варзишии «Динамо» баргузор шуд, Иброҳим Рабимов, узви дастаи «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 37-ум ҳисобро боз кард. Вале дар нимаи дуввуми дидор бозигарони «Шериф» Ерохин (дақиқаи 48-ум) ва Суворов (55-ум) ду гол ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» низ «Шахтёр»-и Донетски Укроин «Левадия»-и Таллинни Эстонияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Тӯбҳоро Прийомов (дақиқаи 9-ум) ва Бредун (80-ум), ҳарду аз дастаи «Шахтёр», Гусев (дақиқаи 38-ум, «Левадия») вориди дарвоза карданд.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «С» «Шериф» бо 6 имтиёз дар ҷои аввал ва «Шахтёр» бо 3 имтиёз дар ҷои дуввум қарор доранд. «Левадия» ва «Регар» ТадАЗ, ки як имтиёзӣ доранд, имкони ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанро аз даст надодаанд.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври дуввум: гурӯҳи «А» - «Рубин» (Қазон, Русия) – «Оқтеппа» (Оқтеппа, Қазоқистон) – 0:2, «Пахтакор» (Тошканд, Узбакистон)– «Арарат» (Ереван, Арманистон) – 4:1, гурӯҳи «В» - дастаи мунтахаби ҷавонони Русия - «Экранас» (Паневежис, Литва) - 0:1, «Ишқобод» (Ишқобод, Туркманистон) - МТЗ-РИПО (Минск, Беларус)– 0:4, гурӯҳи «D» - «Интер» (Турку, Финландия) - «Интер» (Боку, Озарбойҷон) – 1:3, «Вентспилс» (Вентспилс, Латвия) – «Дордой-Динамо» (Норин, Қирғизистон) – 1:0.

Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳҳо: гурӯҳи «А» - «Оқтеппа» - 6 имтиёз, «Пахтакор» - 4, «Рубин» - 1, «Арарат» - 0, гурӯҳи «В» - «Экранас» - 6, МТЗ-РИПО – 3, дастаи мунтахаби ҷавонони Русия – 1, «Ишқобод» - 1, гурӯҳи «D» - «Вентспилс» - 6, «Интер»-и Боку – 4, «Дордой-Динамо» - 1, «Интер»-и Турку – 0.

Рӯзи 20-уми январ дар даври севум дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: маҷмаъаи варзишии «Олимпӣ»: «Интер» (Боку) - «Вентспилс», «Шериф» - «Левадия», мунтахаби ҷавонони Русия - МТЗ-РИПО, «Арарат» - «Рубин», толори варзишии «Динамо»: «Интер» (Турку) – «Дордой-Динамо», «Регар» ТадАЗ – «Шахтёр», «Экранас» - «Ишқобод», «Оқтеппа» - «Пахтакор».

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки 21-уми январ доир мегардад, роҳ меёбанд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ 23-юми январ баргузор мешаванд.

Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 25-уми январ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG