Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2009: «Регар» - «Левадия» - 1:1


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода нахустин бозиашро дар Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки дар шаҳри Маскави Русия ҷараён дорад, бо тими «Левадия»-и Таллинни Эстония бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод.

Ин бозии гурӯҳи «С» дар толори варзишии «Динамо» баргузор шуд. Илҳом Ортиқов, узви дастаи «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди 18 дақиқа бозигари «Левадия» Андреев ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» «Шериф»-и Тирасполи Молдова бар ҳайати севуми «Шахтёр» -и Донетски Укроин бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 пирӯз шуд. Се голро дар ин дидор Ерохин ва як тӯбро Булат ба самар расонданд.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «С» «Шериф» бо 3 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. «Левадия» ва «Регар» ТадАЗ якимтиёзӣ ба даст овардаанд. «Шахтёр» бидуни имтиёз дар ҷои охирин аст.

Никита Симонян, ноиби раиси Иттиҳоди футболи Русия, аз раҳбарони бошгоҳи футболи «Шахтёр»-и Донетск, қаҳрамони Укроин, ки ба ин мусобиқаи байнулмилалӣ ҳайати наврасонро фиристодаанд, изҳори нигаронӣ карда, ин амали онҳоро беҳурматӣ нисбати ташкилкунандагони мусобиқа арзёбӣ кардааст.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври аввал: гурӯҳи «А» - «Рубин» (Қазон, Русия) – «Пахтакор» (Тошканд, Узбакистон)– 1:1, «Арарат» (Ереван, Арманистон) – «Оқтеппа» (Оқтеппа, Қазоқистон) – 1:3, гурӯҳи «В» - «Ишқобод» (Ишқобод, Туркманистон) – дастаи мунтахаби ҷавонони Русия - 0:0, МТЗ-РИПО (Минск, Беларус) – «Экранас» (Паневежис, Литва) - 0:2, гурӯҳи «D» - «Вентспилс» (Вентспилс, Латвия) – «Интер» (Турку, Финландия) - 3:1, «Дордой-Динамо» (Норин, Қирғизистон) – «Интер» (Боку, Озарбойҷон) – 0:0.

Рӯзи 18-уми январ дар даври дуввум дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд: маҷмаъаи варзишии «Олимпӣ»: «Интер» (Турку) – «Интер» (Боку), «Шахтёр» - «Левадия», мунтахаби ҷавонони Русия – «Экранас», «Рубин» - «Оқтеппа», толори варзишии «Динамо»: «Вентспилс» - «Дордой-Динамо», «Регар» ТадАЗ – «Шериф», «Ишқобод» - МТЗ-РИПО, «Пахтакор» - «Арарат».
Бар асоси низомномаи мусобиқа аз гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки 21-уми январ доир мегардад, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 23-юми январ баргузор мешаванд.

Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 25-уми январ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG