Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони шоҳмоти Душанбе


Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе байни шатранҷбозони ҷавон бо пирӯзии шогирдони мактаби шоҳмоти пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид.

Саркотиби ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беш аз 70 нафар шатранҷбозони синнашон аз 8 то 18-сола дар 6 гурӯҳ рақобат карданд.

Синои Илҳом дар сабқати шатранҷбозони то 8-сола ғолиб шуд. Дар сабқати то 10-солаҳо Наргис Исмонова байни духтарон ва Эраҷ Насриддинов байни писарон пирӯз гардиданд. Умар Насриддинов байни писарони то 12-сола ҷои аввалро касб кард. Дар ин гурӯҳ байни духтарон Мутрибаи Илҳом ғолиб омад. Ширин Раҳмонова миёни духтарони то 14-сола дар ҷои аввал қарор гирифт. Дар сабқати писарони ин гурӯҳ Шодмон Мирзозода пирӯзӣ ба даст овард. Дар сабқати наврасони то 16-сола Алиёр Чоршанбиев ва Марворид Насриддинова ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Меҳрангез Раҳматова байни духтарони то 18-сола мақоми аввалро касб кард. Дар ин гурӯҳ байни навҷавонон Беҳрӯзи Сайалӣ ғолиб шуд.

Ғолибони сабқати шаҳрӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи март баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG