Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Русия аз раъйаш намегардад"


Владимир Путин – нахуствазири Русия гуфт, кишвараш гази табииро ба Укроин бо қиматҳои ҷаҳонӣ хоҳад фурӯхт ва омода аст, барои транзити газ аз тариқи Укроин қимати бештар бипардозад. Владимир Путин зимни гуфтӯгу бо хабарнигорон дар як қароргоҳаш дар ҳошияи шаҳри Маскав аз Иттиҳодияи Аврупо хост, то ҳарчӣ зудтар нозиронашро ба Укроин бифристад, ки интиқоли гази русӣ аз тариқи қаламрави Укроин ба Аврупоро назорат кунанд. Нахуствазири Русия таъкид кард, ки кишвараш сабаби бӯҳрони мавҷуд нест ва афзуд, ки дар ин моҷаро матбуоти Ғарбӣ тарафи Укроинро гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG