Пайвандҳои дастрасӣ

Марги як тифл аз дуди сандалӣ


Дар фасли сармо дар манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди барқ ҷорӣ мешавад

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди оташи сандалӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ як кӯдак ҳалок ва ду ноболиғ бемор шудаанд.

Тибқи иттилоъи расида, бар асари заҳролудшавӣ аз дуди оташи ангиштсанг дар сандалӣ - оташдони тоҷикӣ се писари ноболиғи хонаводаи Давлатовҳо бо ҳолати вазнин ба бемористони марказии ноҳияи Рӯдакӣ оварда шудаанд ва яке аз онҳо дар бемористон фавтидааст. Вазъи ду бемори дигар хеле вазнин гуфта мешавад.

Рух додани чунин ҳодиса дар Тоҷикистон бори аввал нест. Чанд рӯз қабл, 4-уми январи соли ҷорӣ, дар вилояти Суғд низ дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди оташдони хонагӣ як тифл ҳалок шуда буд.

Тайи солҳои ахир бар асари ҷорикунии реҷаи маҳдуди барқ дар минтақаҳои кишвар дар фасли сармо мардуми маҳаллӣ ба усулҳои куҳнаи гармкунии хонаҳо, аз ҷумла сандалӣ ва оташдонҳои «хрушёвӣ» рӯ меоранд, ки дар баъзе ҳолатҳо боиси заҳролудшавии марговари мардум мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG