Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайъати даста 22 футболбоз шомиланд. Бо мақсади пурзӯр кардани даста гурӯҳи бозигарон аз бошгоҳҳои дигари лигаи олии кишвар, ба мисли ҳимоятгарон Даврон Эргашев аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва Саид Эргашев аз ССКА-и Душанбе, нимҳимоятгар Алишер Улмасов аз «Энергетик»-и Душанбе даъват шудаанд. Дар шаҳри Қазони Тотористон рӯзҳои 10-ум, 12-ум ва 14-уми январ се бозии санҷишӣ анҷом хоҳем дод. Ду бозии дӯстона бо ҳайъати дуввуми «Рубин»-и Қазон ва як бозӣ бо яке аз дастаҳои лигаи аввали Русия баргузор хоҳанд шуд. Сипас 15-уми январ ба шаҳри Маскав - макони баргузории Ҷоми Иттиҳод-2009 – сафар мекунем».
Ёдовар мешавем, ҳабдаҳумин давраи Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 17-ум то 25-уми январ дар маҷмаъаҳои варзишии «Олимпӣ» ва «Динамо»-и шаҳри Маскав бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад.
Дастаи «Регар» ТадАЗ, ки Тоҷикистонро барои ҳаштумин бор дар ин мусобиқоти анъанавии байнулмилалӣ намояндагӣ хоҳад кард, дар гурӯҳи «С» 17-уми январ бо «Левадия»-и Таллинни Эстония, 18-уми январ бо «Шериф»-и Тирасполи Молдова ва 20-уми январ бо «Шахтёр»-и Донетски Укроин бозӣ хоҳад кард.