Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи шоҳмот дар Душанбе


Мавсими нави варзиш дар Тоҷикистон бо мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Рашид Ҳусейнов, раиси мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа беш аз 70 нафар шатранҷбозони синнашон аз 8 то 20-сола ширкат доранд. Мусобиқа байни писарону духтарон мувофиқи синну соли онҳо дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифтааст. Ғолибони сабқати шаҳрӣ дар ҳайъати дастаи мунтахаби пойтахти кишвар дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи март баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард».

Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе то 10-уми январ идома меёбад.

Шатранҷбозони тоҷик дар нахустин Ҷоми бошгоҳҳои Осиё дар шаҳри Ал-Айни Аморати Муттаҳидаи Араб дар 5 бозӣ 2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастаи Тоҷикистон дар ҳайъати Соҳиб Ҷӯраев, Рашид Ҳусейнов, Сӯҳроб Ҳамдамов ва Илҳом Юнусов бар бошгоҳҳои Фаластин ва Сурия ғолиб шуд, вале дар ду бозии баъдӣ аз бошгоҳҳои Филиппин ва Вйетнам шикаст хӯрд. Бозии панҷуми шатранҷбозони тоҷик бо бошгоҳи Шарҷаҳи Аморат бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Вале шатранҷбозони тоҷик дар ду бозии охир ширкат накарданд.

Бад-ин тартиб Тоҷикистон бо 5 имтиёз байни 30 бошгоҳи шатранҷи 24 кишвари қораи Осиё дар ҷои 25-ум қарор гирифт.

Бошгоҳи шатранҷи Ал-Айни Аморат, ки бо 12 имтиёз аз 7 бозӣ ҷои аввалро касб кард, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG